​ДДХ: Ҳамойиши байналмилалии онлайнӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно


Дирӯз дар толори хурди раёсати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши онлайнӣ дар мавзӯӣ “Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо” баргузор гардид. Дар кори ҳамойиш олимону шарқшиносон тариқи онлайнӣ аз кишварҳои Русия, Бангладеш, Туркия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Норвегия иштирок ва маърӯза намуданд. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ мудири ҳамойиш, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, Рӯзи Мавлоноро ба ҳозирин муборакбод гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки дар баробари муҳаққиқини ватанӣ як зумра донишмандони хориҷӣ низ осори Мавлоноро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд, ки ҳамойиши имрӯза шаҳодат ба ин гуфтаҳост.

Сипас, тибқи барномаи ҳамойиш маърӯзаҳои доктори илмҳои филологӣ Т.Султонзода дар мавзӯи “Шинохти рӯзгору осори Ҷалолиддини Румӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон”, адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи рус, профессор Н.И.Пригарина дар мавзӯи “Румӣ в поэзии Мухаммада Икбала и Мирзо Галиба”, профессор А.М.Саркор дар мавзӯи “Шинохти Мавлоно дар Бангладеш”, профессор А.Темизел дар мавзӯи “Фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ дар бораи Мавлоно дар Қуния”, профессор Аҳмад Иштиёқ дар мавзӯи “Мавлоношиносӣ дар Ҳинд”, профессор С.Иброҳимов дар мавзӯи “Суфийские афоризмы в поэзии Руми”, Х.Ҳамидов дар мавзӯи “Таснифи манобеи ҳикоятҳои “Маснавии маънавӣ”, доктор Ғ.Қамбарбекеова дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Мавлоно дар адабиёти қазоқӣ” суханрониҳои пурмуҳтаво шуд. Дар маърӯзаҳо ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, осори гаронбаҳои нобиғаи бузург ва саҳми ӯ дар таҳкими равобити қавму миллатҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар осори баланмазмун ва мондагораш дастовардҳои фарҳангию динии халқу миллатҳоро ҳамчун ҷузъи тамаддуни башарӣ мавриди корбаст қарор дода, ба ҳамин васили робитаҳои дӯстии халқу миллатҳои гуногунро ба ҳам пайванд мебахшад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ