​ДДХ: Ҷамъбасти озмуни“Донишҷӯи сол-2021”

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат, дирӯз дар ҷамъбасти дастовардҳои илмии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2021” қадршиносӣ гардиданд.

Аз рӯйи натиҷаи шартҳои озмуни донишҷӯи сол Басирҷон Нуров – донишҷӯи курси 3-юми факултети геоэкология ва туризм, Назира Тухтарова – донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус ва Малоҳат Амакова – донишҷӯи курси 4-уми факултети забонҳои хориҷӣ зинаҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо маблағҳои пулӣ ҷои аввал дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ҷои дуюм 2000 сомонӣ ва ҷои сеюм 1000 сомонӣ тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ