Даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»

Имрӯз, 15 феврали соли равон дар факултети филологияи тоҷик озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода озмунро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки озмуни мазкур дар қатори дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти чеҳраҳои илму адаб, огоҳӣ аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва худшиносию худогоҳии миллӣ бевосита бо Амри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар пиёда сохтани сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат камари ҳиммат бастаанд ва дар ин озмун низ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Озмун тибқи низомнома бо иштироки донишҷӯён, магистрантон ва докторантон доир шуда, ҳайати ҳакамон аз факултети таърих ва ҳуқуқ дар асоси низомномаи озмун иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун аз миёни иштирокчиён довталабони зерин Ёдгорӣ Аслинисо – докторанти соли дуюми кафедраи адабиёти муосири тоҷик, Абдуқодирзода Уммия – донишҷӯи соли сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ва Моҳрӯза Қурбонова – магистранти соли дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ бо гирифтани холҳои бешатар ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ