​Даври донишгоҳии озмуни «Илм – фурўғи маърифат»

Бо мақсади дарёфти донишҷўёни соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, навовариву ихтироот аз тарафи кафедраҳои факултети физикаю техника озмуни «Илм – фурўғи маърифат» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ намоянда аз раёсати илм ва инноватсия Боҳир Раҷабов ва устодони факултет иштирок намуданд.

Дар даври донишгоҳии озмуни «Илм – фурўғи маърифат» дар номинатсияи Физика ва ихтироъкорон ва навоварон, ки дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” донишҷўён ва ихтироъкорони ҷавони факултет ширкат намуда, корҳои эҷодӣ ва навориашонро ҳимоя намуданд. Дар озмун Абдуҳафиз Шарипов - лабаранти кафедраи электроника дар мавзуи «Таҳҳизот барои ҳосил кардани гидроген аз об (электролиз)», таҳти роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, дотсент З.Юсупов, Ҳасан Турсунов - донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси МЭҲ-и факултети физикаю техника дар мавзуи «Таҷҳизоти табдилдиҳандаи энергияи электрикӣ ( аз 12В – 220В)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор А.Тошхўҷаев муаррифӣ ва ҳимоя намуданд.

Гуфта шуд, ки беҳтаринҳо ба даври дигар озмон роҳ меёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ