​Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”

Таҳти ин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва технология даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров байни устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур 12-нафар устодон ва 25-нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои факултет ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакмон тибқи Низомномаи озмун ташкил карда шуда, натиҷаи кори иштирокчиёнро баҳогузорӣ менамуданд.

Озмун дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронида шуда, ки байни донишҷӯён Абдуллозода Райҳона - донишҷӯи курси якум, ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақнакашӣ. Технология, Эркаева Фахунда - донишҷӯи курси сеюм, ихтисоси дизайни графикӣ, Мирзоҳаётзода Гулмира - донишҷӯи курси дуюм, ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ва байни устодон, Олов Саидмаҳмад - дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим, Ҳасанов Салимбой - профессории кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ, Муҳаррам Дадобоева - дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ