​Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омӯзгор

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор дар факултети филологияи тоҷик таҳти унвони “Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омӯзгор” маҳфили илмӣ-адабӣ доир гардид.

Маҳфили мазкур бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Дар кори маҳфил ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода иштирок намуда, иқдоми мазкур ба фаъолияти яке аз поягузорони забони тоҷикӣ профессор Абдусаттор Абдуқодиров ва саҳми мавсуф дар рушди забоншиносии тоҷик бахшида шуд.

Декани факултет Замира Ӯлмасзода маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз бузургии забони тоҷикӣ хотиррасон гардид ва таъкид дошт, ки забони ноби тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода тамоми устодони факултетро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор табрик намуда, аз хизматҳои профессор Абдуқодиров Абдусаттор, ки зиёда аз панҷоҳу панҷ сол инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти таълимиву эҷодӣ машғул ҳастанд ва ҳамзамон вазифаи муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони донишгоҳро бо масъулияти баланд анҷом дода истодаанд, таъкид намуд.

Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилором аз сифатҳои неки устод Абдуқодиров хотиррасон гардида, зикр намуд, ки мавсуф барои заҳмату хидмати мондагорашон бо унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд, медали «Ветерани меҳнат», Ордени Шараф, дараҷаи II сухан сазовор гардидаанд. Аммо ҷоизаи баланди профессор Абдуқодиров Абдусаттор маҳз муҳаббату самимияти ҳамкорону шогирдон ва дӯстон аст.

Дар идома аз ҷониби як қатор устодону шогирдони факултет доир ба хидмат ва саҳми профессор Абдуқодиров Абдусаттор маърӯзаҳо ва хотираҳо шунида шуд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои хизматҳои шоён профессор Абдуқодиров Абдусаттор ва дотсентони факултет Тиллохоҷаева Муҳаббат ва Раҳматов Шуҳрат бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Суруд дар иҷрои сарояндагони касбӣ ва номӣ - Давлатов Бахтиёр ва Сироҷиддин Худоймерганов маҳфилро шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ