​Давлат ва амният

Амнияти давлат мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи оддии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро доранд.

Давлат дар натиҷаи таҳлили дараҷаи самаранокии шаклҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла бисёрҳокимиятӣ, муҳимтар аз он, дар асоси раванди қонуниятҳои инкишофи ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Он воситаи асосии муташаккилиираҳбарии ҷомеа мебошад. Тавассути он дастгоҳи идорӣ иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташударо таъмин мекунад. Ба тарзи дигар, давлат қувваи марказонидашудаи ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар асоси маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҷомеа ва худи давлат зарур медонад, арзи ҳастӣ менамояд.

То замоне ки давлат – гаронтаринҷузъисистемаисиёсииҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибанбаҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият боз монондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррўзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрўзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.

Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмўи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ