Даъвати ҷавонон ба худшиносиву ватандӯстӣ

Дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон аз қабилӣ, нашаъмандӣ, шомилшави ба равияҳои терористиву экстремист ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Хайёмидин Исмоилов чорабиниро оғоз бахшида, аз ҳадаф ва мақсадаи ҳамоиш ёдовар шуд. Мавсуф афзуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Ин суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намем.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаъи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Г. Умарова баромад намудақайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар паёми худ натиҷаи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуданд. Дар Паёми имсолааш барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд гуфт, - Г. Умарова.

Зикр шуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа басо арзишманд ва назаррас мебошад.

Мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи шаҳри Хуҷанд М.Раҷабов дар баромади худ оид ба шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терроирстӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ибрози ақида намуд. Қайд карда шуд, ки барои ҷавонони бонангу номус, ки хоҳиши хизмат карданро доранд, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ омӯзиши ройгон ташкил карда шудааст.

Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Султонзода Ҳ.М. баромад намуда хатмкунандагонро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон шинос намуда, доир ба ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муфассал ибрози назар намуд. Инчунин иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ