Дастури созанда ба сӯйи ояндаи дурахшон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят мекунад.

Роҳбари олии мамлакат бо таъкид ба дастовардҳои соли равон аз рӯйдоди муҳими таърихӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон гарида, бори дигар сулҳу суботи сиёсиро неъмати гаронбаҳо унвон намуданд.

Садри муаззами давлат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Воқеан, сӣ соли истиқлол дар таърихи навини давлатдории мо, тоҷикон марҳилаи тозаи рушд ва расидан ба музаффариятҳои тозаву арзишманд аст. Гузашта аз ин, истиқлоли давлатӣ олитарин дастоварди мардуми сарбаланди мо дар масири даҳ асри охир мебошад, ки ба осонӣ насиб нашудааст.

Аҳамияти сулҳ ва ҳифзи истиқлол дар Паёми Пешвои муаззами миллат ин навбат низ ҷойгоҳи хос дошт. Президенти мамлакат бори дигар бо таъкид ба даҳ соли аввали истиқлолият, ки барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд, аз қадру қимати рӯзҳои орому осуда хотиррасон намуданд.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашидаанд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронида, фидокориву ҷоннисориҳо ва қаҳрамониҳо карданд.

Ба дурустӣ, Паёми Роҳбари олии кишвар ифодакунандаи манзалати волои истиқлол ва роҳнамои бемисл ҷиҳати ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллист. Ба таъбири дигар, Паёми навбатии Президенти мамлакат барномаи созандаест, ки моро ба сӯйи ободкорӣ, созандагӣ, ташаббускорӣ ва фардои дурахшон раҳнамун менамояд. Ба андешаи инҷониб, муассиртарин ҳуҷҷати роҳнамо ва мотиватсионӣ, ки тавонад сокинон, бахусус ҷавононро ба роҳи дурусту самаровар даъват намояд, Паёми Садри аъзами мамлакати азизамон ба шумор меравад.

Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷикро Президенти мамлакат дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ номиданд, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Шоистаи зикр аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳама дастовардҳо ва таъмини фазои орому осоишта нақшу саҳм ва хидмати Пешвои муаззами миллат муассиру мондагор аст. Зеро дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Маҳз дар чунин вазъияти ҳассос, ки касе ҷуръати ба дӯш гирифтани масъулиятеро надошт, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид ва ба мардуми шарифи тоҷик сулҳро эҳдо бахшид, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт шудааст. Танҳо ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад, ки бо такопӯиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст.

Дар маҷмуъ, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин чун анъана ба мардуми тоҷик силсилаи муждаву навиди нек низ расонида шуд, ки умеду боварҳои сокинонро ба зиндагии аз ин ҳам ободтар, зеботар ва беҳтар дучанд намуд. Дар ин ҷода, татбиқи самараноки ҳадафҳои созандаи Паём иршоддеҳи миллати тоҷик хоҳад буд.

Мирзосодиқ САНГИНОВ - устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ