​Дастовард: дипломи дараҷаи аввал дар 53-юмин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ

Мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров таҳти унвони «Тасвирҳои парадоксӣ дар ғазалиёти Бедил» дар 53-юмин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба гирифтани дипломи дараҷаи аввал сазовор гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби Ҷамъияти умумироссиягии коркардҳои илмӣ «ОНР ПТСАЙНС» роҳзандозӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки мақолаи профессор Нуров дар номинаи «Мақолоти илмӣ дар бахши филология»-и озмун сазовори мақоми аввал гардидааст.


P.s. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ профессор Нуралӣ Нуровро ба ин муносибат табрик гуфта, ҷиҳати тақвияти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барору комёбӣ таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ