Дасти қонун дар ҳама ҷо болост
Хушбахтона айбдоршавандаи ҷиноятҳои зиёд зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) Манучеҳр Шеров дастгир гардид. Қаблан ба айбдоршаванда М. Шеров аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ 4 маротиба барои ҳозир шудан ба Прокуратураи ВМКБ расман даъватнома дода шудааст, вале ӯ барқасдона аз ҳозир гардидан ва додани нишондод саркашӣ намудааст. Чуноне, ки мегӯянд “давидани гӯсола то каҳдон аст”. Аз қонун дасти гурез нест. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорӣмисли дигар ҳуқуқвайронкунӣ – рафтори зиддиҳуқуқӣ аст, яъне муқобили қонун равона гашта, дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқӣ вайрон мешаванд. Кирдори ҷиноӣ дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ содир мегардад. Ҳаракат – рафтори зиддиҳуқуқии фаъолона буда, беҳаракатӣ бошад, дар шакли ғайрифаъолона амалӣ мегардад.
Он амалҳои ваҳшиёнае, ки Муҳаммадбоқир, Манучеҳр Шеров, Ҷамшед Шаъбонов содир карданд ҳадду канор надорад. Ин беномусон14 ноябри соли 2021 дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд. Ин амали ғайриинсонии онҳо аз ваҳшиги ҳам баддтар аст. Рафтор ва амалҳои бади Мамадбоқир Мамадбоқировҳадду канор надорад. Ин руҳсиёҳу хиёнаткор ҳаёти худаш ва чандин нафарони дигарро низ сухт.
Худ қазоват кунед ва хулоса бароред. Пас мебояд, ки нисбати амалҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров чора дид.Ҳамаи ҷиноятҳои вай сазовори ҷазост ва бояд ӯ ҷазои сахтаринро гирад.
Дастгир шудани Манучеҳр Шеров ҳамаи ҷиноятҳои Муҳаммадбоқирро тасдиқ мекунад ва ҷинояткор ҷазои ҳақиқиашро мегирад. Зеро қонун ба ҳама як аст ва дасти қонун дар ҳама ҷо болост.
Биоишаи Назар