Даст аз марзи тоҷик бардоред!
Сар задани муноқишаҳо дар атрофи масоили сарҳадӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қигизистон оқибат ба задухурдҳои хунин оварда расонид. Амалиётҳои нангину нафратовари ҷонфидо, ки бо ташаббуси қирғизҳо сар зад, аз ҷониби кулли тоҷикистониён маҳкум карда шуд. Ҳамсояи марздузди қирғиз косаи сабри мардуми тоҷикро лабрез сохта, маҷбур намуд, ки тоҷики мурувватписанду мадоропеша синаи хешро сипар сохта, дар ҳифзи марзу буми азиз бархезад.
Чун имрӯз ба манотиқи марзии баҳсӣ назар афканем, муносибати мусаллаҳонаву тароҷгариҳои разилонаи қирғиз, хонасӯзиву тирандозиҳои ваҳшиёнаи онҳо ба чашм мерасад. Амалиётҳое, ки тоҷикон баҳри дифои Ватан гузаронида истодаанд, дар роҳи таҳкими саодат, анҷоми рисолат, нафъи разолат, маҳкуми хиёнат ва пойдории адолат равона гардидааст. Миллати тоҷик дар таърих чун халқи адолатхоҳ, сулҳҷӯву ваҳдатталаб сабт гардида, бартарии сулҳро аз ҷанг, муттаҳидиро аз парокандагӣ хуб медонанд. Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро кулли оламиён этироф карда, ҳамчун намунаи ибрат пазируфтаанд. Ба василаи ҳамин арзиш мардуми Тоҷикистонро ҷаҳониён вологуҳару некназар, ваҳдатисанду покмазҳар мешиносанд. Тоҷикистони таҳаммулпазир ҷонибдори созишу эътирофгари тақсимоти марзии дар харитаи сиёсии ҷаҳон овардашуда ва дар Конститутсияи Ҷумҳурииҳои Тоҷикистону Қирғизистон сабтгардидамебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамсояи сустиродаву ҷангталаб, бодиянишину марздузд даъво ба хоки меҳани азизи мо карда бошанд. Ҷон фидо гардад, ҳам як пораи хоки Ватанро бар душмани заминдузд нахоҳем дод. Дар хуну қалби ҳар як тоҷик Ватан чун модар азизу муътабар сабт гардида, ҳифзи ҳар қатра обу ҳар зарра хок,ҳар дона сангу ҳар ваҷаб замини он он чун гавҳараки чамш муҳим ва аввалиндараҷа мебошад. Эй ҳамсояи даъвои душманӣ дошта аз хашми тоҷикистониёну аз захми тири ҳадафраси онҳо битарсед. Аз ҳифзи ҷоннисоронаи қаҳрамонони тоҷик бигрезед. Даст аз марзи тоҷик бардоред!
Зилола Комилова
сармуаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ