Дасисабозии навбатии сарҳадбонони кирғиз
Муноқишаи сарҳадие, ки бегоҳии 27-уми январи соли 2022 дар деҳаҳои Сомониён ва Хӯҷаи Аълои Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо айби сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқӯъ омад сабаби кушта шудани як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ гаштани марзбонони тоҷик гардид. Ин иғвои навбатии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Қирғизистон, марзбонони қирғиз ва ташкилкунандагони пасипардагии ин ҳодисаи нангин нигаронии тамоми мардуми тоҷикро ба вуҷуд овард. Муноқишаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бори аввал набуда, чандин маротиба такрор мешавад ва боиси хунрезӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, сарҳадбонон, хисороти моддӣ мегардад.
Дар аксар ҳолат ин амалиётҳо аз ҷониби сокинон ва марзбонони қирғиз ба амал омада, онҳо сабабгори асосии иғвогарӣ, дасисабозӣ мебошанд. Муттаасифона онҳо ҳама вақт худро мусичаи бегуноҳ гирифта, айбро ба гардани сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бор кардан мехоҳанд. Ҷониби Тоҷикистон чандин маротиба ба ҷониби Кирғизистон роҳи мусолиҳатомези масъалаи марзро пешниҳод намуд, аммо ҷониби Қирғизистон бо ҳар гуна баҳонаву далелҳои бофтаву сохта аз роҳи ҳалли қонунӣ ва башардӯстона сар метобад. Чанд вақт пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъвои беасоси Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳудудҳои алоҳидаи Тоҷикистон нашр гардида буд. Чунин ба назар мерасад, кироҳбарияти ин ҷумҳурии ҳамсояҳар гоҳ мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ пеши роҳашон пайдо мешавад, ба ҷои ҳаллу фасли он бо иғвою дасисаҳои сиёсӣ таваҷҷуҳи мардумро ба дигар тараф, масъалаҳои сохтаву бофтаи марзӣ равона месозад. “Инқилобҳо”, мубориза барои “демократия”, ивазшавии зуз-зуди сарварон дар инкишвари ҳамсоя далели он аст, ки ҳукумати марказӣ дар вилоятҳо нуфуз надорад ё барқасдона ҷонибдори тезу тунд мондани вазъ дар сарҳад мебошад.
Мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва оромӣ дар минтақа, аз ҷумла дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикистон ба ягон кишвари ҳамсоя даъвои ҳудудӣ надорад. Дар баробари ин Тоҷикистон намегузорад, ки касе тамомияти арзии кишвари моро халалдор созад ё ягон порчаи замини моро бо зӯрӣ азхуд намояд. Мо дар замони мутамаддин зиндагӣ мекунем ва давраи забткорию кишваркушоиҳои кӯчиён моли таърих аст.Дасисабозон, иғвогарон ва онҳое, ки бо оташ бозӣ кардан мехоҳанд бояд бидонанд, ки бадкирдорон дар оташи афрӯхтаи худ хоҳанд сӯхт.
Ш. Шарифов, И. Ҷабборов омӯзгорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров