​Дарсҳои намунавии таҷрибаомӯзон

Як гурӯҳ донишҷӯёни факултети математика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти сарварии роҳбарон ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Зимнан таҷрибаомӯзон барои сайқал додани донишҳ ва маҳорати педагогӣ дарсҳои намунавӣ ва корҳои беруназсинфӣ гузаронида истодаанд. Аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи донишҷӯи курси 4 гурӯҳи 401, Вайдуллоева Насиба санаи дарси намунавӣ барои синфи 8в дар мавзуи “Ҷамъ ва тарҳи касрҳои махраҷаш ҳархела” гузаронид, ки дар он роҳбари умумии таҷрибаомӯзии педагогии факултет М. Мирзоходҷаев, роҳбар-методист М.Комилова., муаллимаи фанни З.Отабоева ва таҷрибаомӯзон иштирок намуданд. Дарс бо аёниятҳои замонавӣ бо усулҳои фаъоли таълим гузаронида шуда, хонандагон дар раванди дарс фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ