​Дарси тарбиявӣ: Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи худшиносии ҷавонон

Имрўз дар факултети филологии тоҷик таҳти роҳбарии Мадина Бобоҷонова дар гурўҳи 201 соати тарбиявӣ дар мавзуи «Нақши асарҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани ҳувити миллӣ ва хештаншиносӣ» гузаронида шуд.

Дар оғоз Мадина Бобоҷонова перомуни асарҳои арзишманду илмии Пешвои миллат ибрози назар намуд. Сипас, китобҳои «Тоҷикистон 10 соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориёӣ», «Ман ба Шумо сулҳ меорам», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Устод тавонист мазмун ва мундариҷаи асарҳои номбаршударо ба таври мухтасар ба донишҷӯён маънидод намояд.

Аз тарафи донишҷўён муаррифӣ оид ба китоби «Чеҳраҳои мондагор» омода гардида, бо овардани порчаҳо ва доир ба 25 нафар чеҳраҳои мондагор, ки ба таърихи тамаддуни тоҷикон нақши бориз доранд ё онро ба тамаддуни башар муаррифӣ кардаанд нақл мекунад, маълумоти муфассал дода шуд. Аз гуфтаҳои донишҷўён маълум гардид, ки “Чеҳраи мондагор” –зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, маҳсули омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳиилмии Пешвои миллат дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик будааст.

Дар қисми хотимавии дарс миёни устод ва донишҷӯён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Мақсад аз шиносоӣ бо асарҳои Пешвои миллат огоҳ намудани насли имрўз аз меросу фарҳанги гузашта ва ҷонфидоиҳои қаҳрамонону ҷасурони миллат арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ