​Дарси онлайни ташкилоти экологи Ланҷоу

Дар факултети забонҳои шарқ “Дарси онлайни ташкилоти экологи Ланҷоу” ҷараён дорад. Зимни ифтитоҳи дарси мазкур мудири кафедраи форсӣ – хитойӣ Қосимова Марҳабо иштирок намуда, аз аҳамият ва зарурияти ин ташаббус таъкид дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дарси мазкур як қатор мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла “Калимаҳо ва ибораҳо марбут ба фарҳанги Чин”, “Фарҳанги нефри чинӣ”, “Калимаҳо ва ибораҳо марбут ба кандакории Чин”, “Фарҳанги ороиши анъанавии чинӣ” ва “Вожаҳо ва ибораҳои марбут ба раванди истеҳсоли ороишҳои суннати чинӣ” мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Гуфта мешавад, ки дарси мазкур шуруъ аз санаи 8 декабр то 18 декабр идома хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки ин иқдом давоми 3 сол инҷониб идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ