​Дарси намунавии таҷрибаомӯз

Дирӯз дар МТМУ 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди намунавии таҷрибаомӯз-мӯзгори факултети математика баргузор гардид.

Донишҷӯ - таҷрибаомӯзони курси 3-юми факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Нодира Муинзода дарси кушоди намунавии соати тарбиявиро дар синфи 9а бо усули нави салоҳиятноки таълим ва истифодаи воситаҳои муосири техникӣ дар мавзуи "Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан" бо маҳорату малакаи хуби педагогӣ ва этикаи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намуд. Дар дарси кушоди таҷрибаомӯз роҳбар - педагог Аҳрорҷон Убайдуллоев, омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва дигар таҷрибаомузон фаъолона иштирок намуданд.

Таҷрибаомӯз ҳамчун омӯзгори ҷавон бо як меҳру муҳаббати хосса ва самимияти баланди касбӣ тавонист дар ҷараёни дарс диққати хонандагонро ба мавзуъ ҷалб намуда, қалби ононро ба ватандориву ватандӯстӣ гарм намояд.

Дар ҷараёни дарс хонандагон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ бо шукргузорӣ аз ин кишвари ободу зебо ва орому осоишта андешаҳои худро иброз намуданд.

Ҳадаф аз баргузории дарси кушод дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ