​Дарси намунавии омӯзгорони забони чинӣ

Бо ташаббуси устодони забони чинии факултети забонҳои шарқ сармуаллим Азимов Эминҷон ва муаллима Янг Десия дарси намунавӣ гузаронида шуд.

Сармуаллим Азимов Эминҷон барои гурӯҳҳои 307 ва 309 аз фанни грамматикаи забони чинӣ ва хонум Янг Десия барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 110 ва 111 аз фанни Амалиёти нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони чинӣ дарс гузаштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарси мазкур меҳмонон аз Институти Конфутсий профессор-методист, муовини директор оид ба таълим Ма Чэ, муаллимон Мэнг Сян Кхай, Би Вэй, Ши Гуаюе, инчунин аз факултет мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ва устодони кафедра иштирок намуданд.

Дар дарси сармуаллим Азимов Эминҷон тамоми айёниятҳои воситаҳои муосир истифода шуданд. Дарс бо методҳои таълими муосир ба роҳ монда шуда, дар раванди дарс аз тарафи иштирокдорон баҳои баланд дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ