​Дарси намунавӣ –воситаи таҳкими сифати таълим

Дар факултети биология ва химия барои донишҷӯёни соли панҷуми ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси мазкур аз фанни “Асосҳои биоэтика ва бехатариибиологӣ” аз ҷониби дотсент Обидова Мақсадой ташкил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарси кушод намояндагони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - доктори илмҳои биологӣ, профессор Носирова Фирӯза, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳматов Акрам ва масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоту садорати факултет иштирок намуданд.

Дар доираи дарс асосҳои илмии фанни биоэтика, мафҳумҳоиасосиифанни таълимӣ ва мавзӯи дарсӣ ба донишҷӯён шарҳ дода шуд. Афзалияти дарс дар он буд, ки омӯзгор аз воситаҳои техникии муосир васеъ истифода бурда, аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ кор бурд, инчунин фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардид, ки ҷавобгӯи талаботи низоми кредитии таҳсилот аст.

Хотиррасон мекунем, ки дар партави дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҷаласаи корӣ бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ироа гардид, иштироки омӯзгорони ботаҷриба ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ ҷоннок гардида, ин ташаббус дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ