​Дарси кушоди намунавии таҷрибаомӯз

Донишҷӯ - таҷрибаомӯзони курси 3-юми факултети математикаи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" Нодира Муинзода дарси кушоди намунавии соати тарбиявиро дар синфи 9а бо усули нави салоҳиятноки таълим ва истифодаи воситаҳои муосири техникӣ дар мавзӯи "Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан" бо маҳорату малакаи хуби педагогӣ ва этикаи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намуд. Дар дарси кушоди таҷрибаомӯз роҳбар - педагог Аҳрорҷон Убайдуллоев, омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва дигар таҷрибаомузон фаъолона иштирок намуданд.

Таҷрибаомӯз ҳамчун омӯзгори ҷавон бо як меҳру муҳаббати хосса ва самимияти баланди касбӣ тавонист дар ҷараёни дарс диққати хонандагонро ба мавзуъ ҷалб намуда, қалби ононро ба Ватандориву ватандӯстӣ гарм намояд. Нодира Муинзода дастпарвари факултети математикаи донишгоҳ анъанаҳои неки гузаштаро идома дода, бо роҳнамоии устодони варзидаи хеш дар оянда ҳамчун омӯзгорони асилу тавоно баҳри рушди соҳаи маорифи кишвар ва тарбияи насли навраси ҷомеа содиқона хидмат менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ