​Дарси кушоди намунавӣ

Бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба забономӯзӣ ва ташаккули тафаккури маънавии муҳассилии Донишгоҳ аз ҷониби омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ Манзура Ақилова дарси кушоди намунавӣ ба бо донишҷӯёни факултети иқтисодӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни дарс, устод бо донишҷуёни курси якум, гурӯҳи 104 ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит мавзуи “Деньги - помощник торговли. Мировые деньги»-ро мавриди муҳокима қарор дод. Омӯзгор бо мақсади фаъолноксозии донишҷӯён ба ҷараёни таълим услуби демократии муоширатро пеш гирифта, истифодаи усулҳои гуногуни ғайрианъанавиро ба роҳ монд.

Вазъияти муаммовӣ ташкил карда шуд, ки ба инкишофи нутқи шифоҳии донишҷуён мусоидат намуд. Дар ҷараёни машғулияти амалӣ алоқамандкунии назария бо амалия дида шуд. Инчунин, мавзуъ ба самти ихтисос вобаста карда шуд, ки он ҷиҳати бедорсозии шавқи донишҷӯён ба забономӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Дарс бар пояи баландӣ илмӣ, методӣ ва тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба иҷро расонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ