​Дарси кушод: Таснифоти методҳои алоҳидаи таълим

Мутобиқи нақша дарси кушоди намунавии омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев аз фанни педагогика дар факултети математика барои курси дуюм, гурӯҳи 201а, ихтисоси математика дар мавзуи “Таснифоти методҳои алоҳидаи таълим” ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он устодони омӯзгорони кафедраи педагогикаи умумӣ Сайдуллоҷон Шарипов, Муқаддас Назарова, Манижа Мирмаматова, Саидмурод Қаюмов ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни машғулияти лексионӣ устод Аҳрорҷон Убайдуллоев кӯшиш ба харҷ дод, ки аз усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурда, методҳои гуногуни таълимро ба таври васеъ ба донишҷӯён кушода диҳад. Омӯзгор дар раванди таълим аз аёниятҳои гуногун, аабиёти иловагии илмӣ ва васоити техникӣ бамаврид истифода бурда, моҳият ва тарзи истифодаи методҳои гуногуни таълимро ба донишҷӯён ба таври муфассал ва содаву фасеҳ фаҳмонид.

Сатҳу сифат ва натиҷаҳои таълим ба дониш маҳорат, малака ва таҷрибаи педагогии омӯзгор вобастагии куллӣ дорад, ки дар ин замина низ Аҳрорҷон Убайдуллоев бо истифода аз таҷрибаи бойи педагогии хеш тавонист мавзуъро ба пуррагӣ бо донишҷӯён ҳаллу фасл намояд.

Донишҷӯён низ дар ҷараёни дарс фаъолнокии худро нишон дода, бо аёниятҳо ва муаррифиҳо перомуни мавзуи баррасишаванда баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ