Дарси кушод –омили болобурди сифати таълим

Тайёр кардани омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олии педагогӣ ба шумор меравад. Донишҷўёни имрўза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омўзгор мешаванд, на танҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар мактаб ҳамаҷониба омўзанд, то ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон онро амалӣ гардонида тавонанд. Дар самти тайёрии ҳамаљонибаи омўзгорони оянда дар мактабҳои олии омўзгории ҷумҳурӣ таҷрибаи омўзгорӣ мавқеи хоса дорад. Таҷрибаи омўзгорӣ (ё таҷрибаомўзии педагогӣ) барои омодагии касбии омўзгорони оянда нақши муҳим мебозад. Он барои бою ғанӣ гардонидани дониш, малака ва маҳорати донишҷўён-омўзгорони оянда бо маълумотҳои мушаххаси таҷрибаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, васеъ шудани тасаввуроти донишҷўён доир ба ҳодисаҳои педагогӣ шароит муҳайё намуда, баҳри амиқ ва эҷодкорона амалӣ гардонидани донишҳои тахассусӣ, педагогӣ-психологӣ ва методӣ имконият фароҳам меоварад.

Аз санаи 7 феврали соли равон донишҷӯёни курсҳои сеюми факултети таҳсилоти ғоибона барои гузаштан аз таҷрибаи педагогӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷаббор Расулов сафарбар карда шуданд. Мувофиқи тақсимот донишҷӯён ба мактабҳои №№ 5,6 ва Гимназияи №1 ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни факултет қисми таркибии нақшаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад. Он ба таҳкими донишҳои азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардида, бо мақсади аз ҷониби донишҷӯён аз худ кардани касби омӯзгорӣ , нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии №5 ноҳияи Ҷаббор Расулов дарси кушоди донишҷӯи таҷрибаомӯз Мирраҳимова Муҳаббат дар синфи 2 “Д” баргузор гардид. Дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Вай имконият медиҳад, ки кору фаъолияти омӯзгорони беҳтарин муаррифӣ гардад, ҳамзамон омӯзгорони ҷавон аз ҷумла таҷрибаомӯзон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти касбии худ аз маслиҳатҳои саривақтии устодон бархурдор гарданд. Маврид ба зикр аст, ки дар дарси кушод мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент Назирҷон Пӯлотов, мутахассиси пешбари шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ Рӯзимуродов Абдулаҳай, ҷонишини директори муассиса Абдуллоева Мавлуда, мудири кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ Мамадҷонов Самеъҷон ва як қатор устодони факултет, дотсентон Аҳлиллоев Т., Баҳриев Ф., Умарова М., Раҳимов А. ширкат намуда, ба маҳорати таҷрибаомӯзон баҳогузорӣ ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ