​Дарси кушод: Нахҳои лиф ва тавсифи умумии он

Дар факултети санъати тасвивирӣ ва технология аз ҷониби дотсенти кафедра технология ва методикаи таълими он Дилфӯза Юсупова дарсии кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Нахҳои лиф ва сохти онҳо” гузаронида шуд.

Муаррифии мавзӯинав бовоситаи проекторнишондода шуд, ки он ба барномаи таълимӣ ва самти тахассусии донишҷӯён мувофиқат мекард. Пешкашкунии маълумотҳои илмӣ ва намоиш додани расмҳои зебои нахҳои лиф аз ҷумла зағир, кенаф, чут, пенка ва гурӯҳбандии онҳо аз рӯи сохт, тарзи истеҳсол ва истифодабарии нахҳо барои азхудкунии мавзӯъ хеле хуб дар рапванди дарс ба роҳ монда шуд.

Қисми мустаҳкамкунии дарс бо саволҳоисанҷишӣ аз донишҷӯёнпурсида шуда, мавзӯинавбо мавзӯигузаштаалоқаманд кардашуд.Дилфӯза Юсупова бо маҷмӯи маводи таълимӣ, аз қабили силлабус, маводи лексионӣ, адабиёти асосӣ ва иловагӣ вобаста ба фанни таълимӣ муҷаҳҳаз буда, дар раванди дарс аз онҳо истифода намуд. Ҳамзамон дар ҷараёни дарс аз таҷҳизоти муосири таълим, ба монанди тахтаи электронӣ ва слайдҳои ҷолиб фаровон истифода бурда шуд.

Мантиқи фикрронӣ аз рӯи мавзӯи дарс хуб буда, пайдарпайи баёни фикр бо саҳеҳӣ дида мешуд. Дар дарс робитаи байни омўзгор ва шогирдон хеле хуб ба роҳ монда шуда, шогирдон дар тамоми лаҳзаҳои дарс фаъолияти хуб нишон медоданд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ