​Дарси кушод: Композитсия дар расмкашӣ

Дирӯз дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дарси кушоди дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ Мавлуда Рўзиева аз фанни интихобӣ дар бахши 4 ихтисоси “Олегофрено-педагогика ва таҳсилоти томактабӣ” дар мавзӯи Композитсия дар расмкашӣ” ташкил ва баргузор гардид. Омӯзгор дар раванди машғулияти амалӣ бо истифода усулҳои муосири таълим ва технологияи муосир тавонист мавзуъ ва мундариҷаи дарсро кушода диҳад. Дар раванди дарс донишҷӯён бо истифодаи қонуниятҳои композитсия, тасвир кардани ҷисмҳои геометрӣва монанди инҳо шинос шуданд.

Инчуниндар раванди машғулият методҳои интерактивӣ “кластери мураккаб”, “ҳуҷуми фикрӣ”, “чархиақидаҳо” ва бозии сенсорӣ“номиашёро ёбед” муносибати салоҳиятнокӣ истифода шуданд, ки усулҳои мазкур шавқу рағбати донишҷӯёнро нисбати донишандӯзӣ бедор менамоянд.

Дар раванди машғулият мушоҳида гардид, ки омӯзгор азистифодаи презентатсия – муаррифӣ, усулҳои фаъоли таълим сӯҳбат, пурсиш, ахборот, методҳои интерактивӣ, аёният оид ба расмкашӣ,видео дарс,намоишикорҳои эҷодӣ оид ба навъҳои гулдўзӣ ва расмкашӣва адабиёти илмӣ васеъ истифода бурда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ