Дарси кушод: Инкишофи маҳорати забономузӣ

Дирӯз дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ аз тарафи сармуаллима Ҷӯраева Н. бо донишҷӯёни гурӯҳи 107 аз фанни инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дарси кушод ташкил ва гузаронида шуд. Мавзӯи дарси кушод “Our English lesson” буда, бо барномаи таълимии корӣ мувофиқат мекард. Дарс бо иштироки васеи омӯзгорони факултет диоир гардид.

Дар қисми аввали дарс бо хондани суруди миллӣ оғоз шуд, ки ин ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба ватан дар ботини ҷавонон бедор месозад.

Дар қисми ташкилии дарс саволу ҷавоб доир ба идҳои миллие, ки дар фасли тирамоҳ таҷлил мегарданд бо забони англисӣ ба роҳ монда шуд, ки он барои фароҳам овардани муҳити забонӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ҷараёни машғулият байни донишҷӯён муколама ва бозиҳои саҳнавӣ гузаронида шуданд, ки дар он фаъолнокии донишҷӯён мушоҳида мешуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи лаҳзаҳои дарс бо якдигар алоқаманд буда, омӯзгор тавонист шавқи донишҷӯёнро нисбат ба дарс бедор кунад. Ҷанбаи методии дарс низ хуб роҳандозӣ гардид. Ҷӯраева Н. тавонист машғулиятро бо истифодаи методҳои фаъол самарабахш ва муосири таълим ба роҳ монад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ