​Дарси кушод: “Хелҳои дарс ва сохтори онҳо”

Имрӯз дар факултети забонҳои шарқ дар мавзӯи “Хелҳои дарс ва сохтори онҳо” дарси кушод баргузор шуд.

Ин ташаббус аз ҷониби сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Файзиев Аҳмадҷон аз фанни педагогика барои курсҳои дуюми ихтисоси арабӣ-хитоӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби омӯзгор дар ҷараёни машғулияти лексионӣ усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурда шуда, барои фаҳмонидани мавзӯи нав ба донишҷӯён аз методҳои нав истифода гардид.

Донишҷӯён низ дар ҷараёни дарсфаъолнокии худро нишон дода, ҷиҳати мустаҳкам намудани мавзуъ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ