​Дарси кушод дар мавзӯи “Институти иҷтимоӣ”

Дар факултети геоэкология ва туризм бо ҷалби донишҷӯёни соли дуюм аз фанни сотсиология дарси кушоди салохиятнок доир гардид. Дарси кушод таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Турабоева Дилбар баргузор шуд.

Дар доираи дарс таҳлили мавзуъ сурат гирифта, миёни донишҷӯён суолу ҷавоб гузаронида шуд.

Ҳамзамон, муаррифинома ва ролики видеоӣ манзур гардид, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши ҷавонон заминаи мусоид гузошт.

Маврид ба зикр аст, ки дарси кушод бо истифода аз технологияҳои муосир ҷараён гирифта,

Дар доираи дарс донишҷӯён оид ба институтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла оила ва нақши он дар ҷомеа маълумот гирифтанд.

Хотиррасон менамоем, ки ташкили дарси кушод аз равандҳои маъмулии фаъолияти донишгоҳ маҳсуб ёфта, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва зарурӣ ташкил кардани дарс таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.


Маҳина Раҳмонова,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ