​Дарси кушод дар мавзӯи “Countries and Nationalities”

Сармуаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ, номзади илмҳои филологӣ Сидиқова Мадинахон бо донишҷӯёни соли якум дарси кушод гузаронид. Ин ташаббус бо мақсади таҳкими сатҳи маълумотнокии донишҷӯён ва ҳам баланд бардоштани сифтаи таҳсилот амалӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод ба мавзӯи “Countries and Nationalities” бахшида шуда, дар доираи он ба донишҷӯён оид ба мамолики ҷаҳон ва миллатҳо маълумот манзур гардид.

Дарс дар сатҳи баланд гузаронида шуда, фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардид.

Муаллима Сидиқова аз таҷҳизотҳои техникӣ васеъ истифода бурда, усули фаъоли таълимро ба кор бурд, ки ҷиҳати шавқовар гузаштани дарс заминаи мусоид гузошт.

Дар дарс мудири кафедра Юсупова Мунира ва дотсент Аҳмадов иштирок намуда, ба маҳорати касбии омӯзгор баҳои баланд доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ