​Дарси кушод: Барномаи педагогии воситаҳои таълим

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди намунавии устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев бо донишҷӯёни курси 1, гурӯҳи 101в дар мавзуи "Барномаи педагогии воситаҳои таълим" дар сатҳи зарури ташкил ва гузаронида шуд. Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Абдуҳаким Шарипов ва омӯзгорони кафедра дар машғулият иштирок намуданд.

Дар раванди дарси лексионӣ омӯзгор бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва дар такя ба таҷрибаи бойи педагогӣ дарсро бо маҳорату малакаи баланд роҳандозӣ намуд.

Дар ҷараёни машғулияти назариявӣ устод аз воситаҳои аёнии таълим - воситаҳои электронӣ, аёниятҳои худсохт ва адабиётҳои иловагии педагогҳои барҷастаи Ғарбу Шарқ бо маҳорати хосса истифода бурда, таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба дарс ҷалб намуда тавонист. Ҳамзамон дар ҷараёни дарс омӯзгор аз хазинаи тиллоии ниёгон васеъ истифода бурд.

Дар интиҳо миёни устод ва шогирдон перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор срат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ