​Дарси кушод аз фанни “Асосҳои ороишӣ-бадеӣ”

Аз ҷониби профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Ҳасанов Салимбой дарси кушод ташкил гардид. Ин иқдом аз фанни “Асосҳои ороишӣ-бадеӣ” роҳандозӣ гардида, бо ҷалби донишҷӯёни курси сеюм ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод ба мавзӯи “Тарзи навиштани эълонҳо” бахшида шуд.

Дар дарси кушод мудир ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки тарзи навишт ва мазмуни эълон гуногун, ба монанди даъват ба ҷамъомадҳо, маҷлисҳо, намоишгоҳҳо, консерт, шабнишинӣ буда, матни эълон кори эҷодӣ ба ҳисоб меравад.

Донишҷӯён дар навбати худ фаъолона дар дарс иштирок намуда, миёни ҳам табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ