​Дарси кушод: Амалиёти ороишии ҷузъиёти нақши кори амалӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Насиба Эшонова аз фанни наққошӣ бо донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳи 401а дар мавзуи “Иҷро намудани амалиёти ороишии ҷузъиёти нақши кори амалӣ” гузаронида шуд.

Омӯзгор бо тайёрии ҳамаҷониба ба дарс ворид гардида, доир ба мавзи баррасишаванда маълумоти мушаххас дод. Дар раванди машғулият донишҷӯн композитсияи нақшҳо вакорҳои нақшбандиро бо қалам ва рангҳои обӣ иҷро намуда, корҳои наққошии мустақилонаро тайёр менамуданд. Зикр шуд, ки ин амал ҷиҳати аз худ кардани бандубасти наққошӣ бо усулҳои гуногун, омӯзиши жанри санъати амалӣ мусоидат менамояд.

Фанни мазкур дар ташаккули лаёқати эҷодии донишҷӯён имкониятҳои бепоён дошта, барои тасвири нақшу нигори миллӣ ва пайдо кардани маҳорату малака мусоидат мекунад.

Мақсади асоси машғулияти имрӯза нишон дода тавонистани нақши миллӣ ва хусусиятҳои касбии ислимбандӣ ва ифодаи он бо воситаи ҳамоҳангии рангҳо унвон шуд.

Системаи корҳои амалӣ синфӣ ба равишу инкишофи лаёқати эҷоии донишҷӯён пешбинӣ гардида, дар худ омӯзиши илми назариявии таълимро фарогир буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ