Дарси кушод: Ҳалли масъалаҳо оид ба муодилаи умумии сатҳӣ

Дар факултети математика дарси кушоди мудири кафедраи алгебра ва геометрия, дотсент Олимҷон Тӯйчиев дар гурӯҳи 301б, ихтисоси математика дар мавзуи «Ҳалли масъалаҳо оид ба муодилаи умумии сатҳи тартиби ду ва ба намуди қонунӣ овардани он» баргузор гардид.

Дар дарс муовини декан оид ба таълим дотсент Музаффар Мирзохӯҷаев, ва ҳайати устодонширкат варзиданд.

Омӯзгор ба дарс бо тайёрӣ ворид гардида, мазмуну мундариҷаи дарсро кушода дод. Дар зимн масъалаҳо оид ба муодилаи умумии сатҳи тартиби ду ва ба намуди қонунӣ овардани он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дарс аз ҷиҳати илмӣ-методӣ мувофиқи мақсад буда, дар он воситаҳои нави таълим: тахтаи электронӣ, аёниятҳои сохташуда ва аёниятҳои табиӣ васеъ истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ