Дарахти дӯстӣ биншон

Бо чунин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаимахсус чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббус ва иштироки бевоситаи донишҷӯёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифта, чорабиниро декани факултет Сатторбердӣ Рабиев ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас, дотсент Юлдошев Рустам дар мавзўи «Ҳамкориҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон дар даврони истиқлолият» маърўзаи илмии пурмўҳтаво намуда, дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаиТоҷикистонуЎзбекистон дар тамоми самтҳо маълумоти муфассалро пешниҳоди донишҷўён намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷўёни Ҷумҳурии Ўзбекистон шеърҳои пурмазмун, ки баёнгари сулҳу ваҳдат дӯстии кишварҳои ҳамсоя ва ҳисси ватандӯстӣ буд, қироат намуданд.

Чорабинии мазкур бахшида ба 90 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ