Дар суҳбати соҳибдилон

Таҳти ин унвон дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфил доир гардид. Ин иқдомро масъулини кафедраи грамматикаи забони арабӣ роҳандозӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳфил олимони варзидаи соҳаи забоншиносї ва меҳмонон аз пойтахти кишвар - доктори илмҳои филологї, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, профессори ДДҲБСТ Шокиров Туғралхон, дотсент Ғиёсов Нуруллохон ва Абдуллоев Абдурасул иштирок намуданд.

Дотсент Ислом Раҳимов, декани факултет маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро шарҳ дод.

Гуфта шуд, ки дар доираи маҳфил масоили марбут ба забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби меҳмонон маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардида, донишҷӯён дар фарҷом ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ