​Дар дарси кушод шакли мафъули феълро баррасӣ карданд

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ аз фанни грамматикаи амалӣ дар мавзӯи “Шакли мафъули феъл – The Passive Voice” дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушод аз ҷониби омӯзгор Усмонова ба роҳ монда шуда, дар он донишҷӯёни соли дуюм иштирок карданд.

Дар доираи машғулият аз тарафи омӯзгор бо истифода аз усули нави таълим ва слайдҳои ҷолиб моҳияти мавзӯъ фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ аз баргаҳо ва машқҳои гуногуни коммуникативӣ истифода бурда шуд, ки барои сайқал додани нутқи гуфтугӯии донишҷӯён муфид буданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ