​Дар ҳар вазъият мард бояд буд!

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе аз афроди буздилу иғвогар макони бузбозӣ шудаасту дар паси пардаҳо чун “хонашерони майдонғариб” ҷавлон мезананд. Гӯё аз паси парда симои беҳаёю беномусонаи онҳо ноаён боқӣ мемонда бошад. Лекин, бехабаранд, ки бӯйи ғализу заҳролуди навиштаҳояшон фазои иттилоотиро бадбӯй кардаасту аз ҳолу аҳволи муаллифи бадгӯи чаласаводаш дарак медиҳад. Чунин афрод гарчанде ангуштшуморанду набояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд, вале тозаю солим гардонидани мафкураи ҷомеа аз онҳо амали савобест, ки мебояд ҳар фарди солимақл онро дарёбад. Зеро, андешаҳои палидонаи ин афроди аблаҳ дар ҷомеа тухми нооромиву шубҳаю ноумедӣ ба оянда мекорад, ки нишонаи касифии онҳо ва табарзанӣ ба шохаи нишастаашон мебошад.

Андешаҳои бемантиқу сафсатаю лӯттибозиҳои гурӯҳи муайяни мардуми Бадахшон бо паҳни ғояҳои сарпарастони хориҷӣ дар байни мардуми маҳал каҷфаҳмиҳоро таълим доданист. Ин афрод бояд аз хотир фаромӯш насозанд, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри қаблӣ тӯдае бо номи “Лаъли Бадахшон” созмоне таъсис додаву зери шиори ватанпарвариву озодихоҳӣ ба қатлу куштор, зӯроварию таҳдид ва ғоратгарӣ даст заданд. Сӯиқасд ба ҷони Прокурори генералии кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби кадом нерӯ амалӣ карда шуд? Фаромӯш набояд кард, ки тӯдаи авбошони бадкирдор мардум, хусусан ҷавонони бетаҷрибаро гумроҳ карда соҳиби молу мансаб мешаванд?! Аммо, гумроҳшудагон ба ҳаёти орому осуда роҳи бозгашт намеёбанду сарсону саргардон умри ҷавони худ барбод медиҳанд! Чӣ суд аз чунин хоҷагони худхоҳи маккор!

Дар ҳошияи воқеаҳои рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ ва кирдори фосиқонаю аблаҳонаи тӯдаи авбошон бо сардории Боқир ҳар фарди солимақл бояд андешаи ояндаи халқу миллат, Ватан – Модар намояд. Мебояд некрафториро аз бадкирдорӣ фарқ намояд, зеро соҳиби шуур, ақлу фитрат ва фарҳанг аст! Вагарна, чун тӯдаи амсоли пода амалҳои Боқиру ҳампаҳлӯҳои онро пайравӣ намуда ба куҷо мерасанд? Муҳимаш, бефарқу бемасъул набошед, бадахшониёни соҳибфарҳангу сарбаланд! Боқиру ҳаммаслаконашро оқибат зиндону ҷаҳаннам интизор асту хоки Ватан онҳоро чун ҷисми нопок намепазирад. Даъват менамоям, ки сарҷамъу муттаҳид баҳри ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш намоем. Агар Боқириён аз Шумоён дастгирӣ наёбанд худашон роҳи таслим мекобанд! Биёед номбардори Ватану миллат бошем! Нафаронеро, ки ба Ватану миллат доғ оварданӣ ҳастанд, бо муқовимати шадид нобуду барканор аз ҷомеа созем!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ