​Чораҳои муқовимат бар зидди тероризм ва экстремизм

Ҷомеаи ҷаҳониро солҳои охир авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст.

Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидоштаро дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти экстремизм, инчунин, даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, фарқгузории одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубиятии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст.

Дар самти муқовиматзидди экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020 - 2025 ишғол мекунад. Дар Стратегия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, ҳатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои ҳусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳадамоти маҳсусро тақозо менамояд.

Таҳди­ди терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти доҳилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмўъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо мекунад. Зуҳуроти терроризм ва экстремизм (иф­ротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи давраи соҳибистиқлолияти ва соҳибиҳтиёрии он ба мушоҳида мерасид. Объектҳои таҷовузи террористӣ ҳодимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор мегирифтанд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҳуд ҳанўз ҳам таҳти таҳдиди хатари таҷовузи терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) байналмиллалӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ вазъи ниҳоят мураккаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар он як қатор марказ ва созмонҳои экстремистӣ, пойгоҳҳои тарбияи террористон ва таҳрибкорон амал мекунанд, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ до­рад. Ҳанўз ҳам ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон, қочоқи маводи нашъаовар ва яроқ ба Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари тер­роризм ва экстремизм (ифрот­гароӣ), танзим нагардидани муносибатҳои байнидавлатӣ, ки боиси ба миён омадани тер­роризм мегардад, муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва маҳдуд, сохторҳои афзояндаи ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ дар шарои­ти имрўза барои осоиш ва ам­нияти байналмилалӣ таҳдиди глобалӣ дорад.

Имрўз натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёдшавии ҷиноятҳои хавфноки муташаккилонаи трансмиллӣ ба ташвиш омадааст. Оид ба мубориза ва пешгирии чунин намуди ҷиноятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ якчанд конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки ҶумҳурииТоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба монанди конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди ҷинояткории муташкккили трансмиллӣ, ки бо резолютсияи 55/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 15 ноябри соли 2000 қабул шудааст. Конвенсияи байналмиллалӣ бар зидди терроризми бомбавӣ. Бо резолютсияи 55/164 ассамблеяи генералии СММ аз 16 декабри соли 1997 қабул шудааст. Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм. Бо резолютсияи 54/109 ассамблеяи генералии СММ аз 9 декабри соли 1999 қабул шудааст.

Мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар моддаҳои 8-ум ва 30-уми Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, кинажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ваташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КҶ), Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМҶ) ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зерини аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим даровардашудаанд:

а) Эъломияиумумии ҳуқуқи башар (соли 1948);

б) Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ (соли 1966);

в) Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳоитабъизинажодӣ (соли 1965);

г) Эъломияи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъизи (дискриминатсия) ҳуқуқ дар асоси дин ё ақида (соли 1981);

д) Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон (1995);

е) Конвенсияи Шанхайдар бораи мубориза зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (соли 2001).

2. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣмебошад.

Фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё азонихудкунии салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва вандализмбо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё хусумат нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона бурдан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон аз рўи хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷроиамалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, пардохти арзиши иҷораи манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-теҳникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, ҳизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ.

Маводи экстремистӣ - интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё зарурияти амалигардонии ин фаъолиятро асоснок менамоянд ё ҳақмешуморанд, нашрияҳо, ки зарурияти бартарии миллӣ ё нажодиро асоснок менамоянд ё ҳақ мешуморанд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисми ягон намуд гурӯҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад ё ҳақмешуморанд.

Ташкилоти экстремистӣ - иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ карда шудааст.

Бо қарори Суди Олӣ аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои

«Ал-қоида»,

«Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ»,

«Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Ўзбекистон),

«Ҳаракати Толибон»,

«Бародарони мусулмон»,

«Лашкари тайиба»,

«Ҷамъияти исломии Покистон»,

«Ҷамъияти Таблиғ»,

«Созмони таблиғот»,

«Тоҷикистони озод» ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф карда шуда фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳамчун ташкилотиэкстремистӣ эътироф карда шуда фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2009 бошад равияи динии «Салафия» низ ҳамчун равияи ғайриқонунӣ амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2012 Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www.irshod.kom, www. irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», чун воситаи ахбори умум баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати мазкур манъ карда шудааст.

Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)- террористӣ эътироф намуда фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Хулоса, вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳони моро водор месозад, ки дар баробари манъ намудани фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавобгариро барои чунин кирдорҳои барои давлат ва чамъият ҳавфнок пурзўр намоем.


Бозорова Мадина

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ