​Чорабиниҳои илмӣ дар факултети филологияи тоҷик

Дар толори факултети филологияи тоҷик рӯнамоии китоби “Насри замони истиқлол: таҳаввули мавзӯъ ва жанр” (Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ) баргузор гардид. Мудири кафедра профессор Замира Ӯлмасова роҷеъ ба мавзуъ ва муҳтавои китоб баромад намуд.

Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик 26-уми ноябри соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Насри замони истиқлол: таҳаввули мавзӯъ ва жанр” баргузор гардида буд ва дар асоси он китоби фавқуззикр аз нашр баромад.

Ҳамчунин дар факултети филологияи тоҷик маҳфили навбатии илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Фурӯғ” баргузор гардид, ки дар он маърузаҳои ҷолиб аз тарафи докторантони кафедра ироа гардид.

Дар маҳфили навбатӣ ноиби декани илм Сорбон Азизов, мудири кафедра профессор Замира Ўлмасова, устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик, муҳаққиқону унвонҷӯёни ҷавон ва донишҷӯён иштирок кардаанд.

Маҳфилро адабиётшинос, профессори кафедра Матлубаи Мирзоюнус ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҳафтаи илм ва ҷойгоҳи он дар пешрафти самти илму инноватсия, ҳамзамон таърихи баргузории маҳфилҳои илмӣдар факултети филологияи тоҷик басо назаррас аст.

Дар маҳфил аз ҷониби дотсент Мутриба Мавлонова чанд рисола ва китобҳои арзишманд муаррифӣ шуданд. Ин китобҳо дастовардҳои нави нашри дар Тоҷикистонанд, ки бо завқу салиқаи баланди илмӣ таълиф, таҳия ва нашр шудаанд. Муаррифии ин китобҳо дар маҳфили навбатии “Фурӯғ” бо фарогирии мавод ва иттилои комили пажӯҳишҳо дар ин самт сурат гирифт. Сипас, маърӯзаи илмии дотсент Боҳир Раҷабов таҳти мавзӯи “Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик” шунида шуд. Дар гузоришҳои мазкур муҳимтарин муаммоҳои марбут ба ин мавзӯъҳо баррасӣ шуда, аҳли ширкат бо камоли майл аз он ғизои маънавӣ гирифтанд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ