Чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд”

Санаи 5-уми майи соли 2023 дар факултети иқтисодӣ бахшида ба 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд” аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни факултети мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Чорабинии тарбиявӣ бо иштироки меҳмонон собиқадорони ҷангу меҳнат Бурҳонов Абдураҳим Юсуфович полковник, ҷанговари байналмиллалӣ, собиқадори артиши миллӣ, Раҳматов Шарифҷон Азизович - майор, сардори шуъбаи дуюми донишгоҳ, собиқадори артиши миллӣ, Мамадов Саидмуродхон Валиевич дотсент, мудири кафедраи молия ва андоз, майор, собиқадори артиши миллӣ ва кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Чорабинии тарбиявӣ бо хондани Суруди Миллӣ оғоз гардид.

Сухани ифтитоҳиро декани факултет дотсент Нуриддинова М.И. кушода намуда, оиди эълон гардидани Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки дар таърихи инсоният санаҳоеҳастанд, кибогузаштисолҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.

Инчунин мудири кафедра молия ва андоз Мамадов С.В. баромад намуда қайд карданд, ки барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо – тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Ҳамзамон доир ба мавзӯи чорабинии тарбиявӣ полковник, ҷанговари байналмиллалӣ, собиқадори артиши миллӣ Бурҳонов Абдураҳим Юсуфович; майор, сардори шуъбаи дуюми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” собиқадори артиши миллӣ Раҳматов Шарифҷон Азизович маърӯзаҳоипурмазмунро барои устодон ва донишҷӯён пешниҳод намуда, қайд карданд, кихизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат мебошад.

Доир ба ин санаи таърихӣ донишҷӯёни факултети иқтисодӣ,гуфторҳо, шеърҳо ва сурудҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии тарбиявӣ декани факултети иқтисодӣ, дотсент Нуриддинова М. И. аз санаҳои таърихӣ хотиррасоншуда қайд намуд, ки ин сулҳу ваҳдат ба осонӣ барои халқи тоҷик наомадааст. Ҷавонон бояд сабақи ватандӯстиву худшиносиро дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолият мавриди омӯзиш қарор дода, барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд. Бо ин суханон, муаллима барои ташкил ва баргузории чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд”ба меҳмонон ваташкилкунандагон миннатдории худро баён намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ