​Чорабинии тарбиявӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Яке аз қисматҳои ҷудонопазири раванди таълим ин таҷрибаи омӯзгорӣ буда, дар даврони муосир барои тайёр кардани кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид мегузорад. Бо ин мақсад донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ, ихтисоси забони англисӣ ба муассисаи татаҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Хуҷанд ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ ҷалб гардида, дар ин асно чорабинии умумимактабии таълимӣ ва тарбиявиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуда истодаанд.

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” гузаронида шуд. Чорабинӣ аз озмунҳои мухталифи тарбиявӣ, эҷодӣ ва маърифатӣ иборат буд, ки дар он наздики 100 нафар толибилм ширкат варзиданд.

Дар идомаи чорабинӣ таҷрибаомӯзон ҳамчун роҳбари синф ва муаллими забони англисӣ тавонистанд, ки бо воситаи қироати шеър, муҳовара, кашидани расм ва нақшофаринӣ нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагонро сайқал ва инкишоф диҳанд.

Дар фарҷоми конференсия роҳбарияти муассиса ташаббуси мазкурро дар тарбияи ватандӯстию меҳанпарастии хонандагон муҳим арзёбӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ