​Чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар толори бинои таълимии №3 бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштроки устодон ва донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба кори чорабинӣ дотсент Хуршед Шамсидинов ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи ададбиёти тоҷику форс бо ашъори пурғановат ва ахлоқии хеш шуҳрат ва мақоми хосро касб намудааст. Гуфта шуд, ки осори шоир дар ягон давру замон арзиш ва аҳҳамияти худро гум накарда, баръакс таваҷҷӯҳ ба он бештар мегардад.

Дар идома донишҷӯён доир ба рӯзгор ва осори шоир маълумот дода, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур доир ба таърихи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби устодон ва донишҷӯён маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ