​Чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ таҷрибаомӯзони факултети тарбияи ҷисмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии таҳти унвони "Ватанпарвар" ташкил ва баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ намояндаи комиссариати ҳарбӣ полковник Рафиқ Файзиев, намояндаи шуъбаи маориф Музаффар Эшонов, ҷанговарони интернатсионалист Яҳёҷон Норматов, Расул Гадобоев, муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Зайниддин Зунунхўҷаев ва дигарон ширкат варзиданд.

Зимни чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ хонандагон бо роҳбарии таҷрибаомӯзон, омӯзгори пуртаҷрибаи фанни омодагии дифои ҳарбӣ гимназия Қаҳҳорхон Алиев аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, маҳорати омодагӣ ва донишҳои омўхтаи ҳарбии хешро дар амал нишон доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар ҷавонон ширкат варзида, аз рӯи намуди рӯзномаи деворӣ, фаъолияти қумандон, сафороӣ, вазнкашӣ, ба дарозӣ ҷаҳидан, ёрии аввалияи тиббӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат байни ҳам рақобат намуданд.

Дар иҷрои ҳар амал барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа доварон ба иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи муҳассилин баҳои баланд доданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, омода кардани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодагии онҳо баҳри марзу буми кишвар маънидод гардид.

Иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ