​“Чеҳраҳои мондагор” – муаррифгари хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат

Дар факултети забонҳои шарқ бо ҷалби донишҷӯёни соли якум китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ин иқдомро кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ роҳандозӣ карданд.

Дар доираи ин ташаббус моҳият ва мундариҷаи китоби “Чеҳраҳои мондагор” мавриди шарҳ қарор гирифта, аҳамияти мутолиаи он баррасӣ шуд.

Мақсад аз ин муаррифӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллии ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ