​Бурсиявии омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ

Дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Лиаодонги Чин, ки шартномаи ҳамкорӣ ҷонибҳо барои соли аввал ба имзо расида буд ва дар доираи барномаи бурсиявии омӯзиши забони чинӣ ба муддати як соли хониш ва ним соли хониш, пешниҳод шудааст.

Моҳи феврали соли равон дар факултети забонҳои шарқ ин барномаи бурсиявӣ аз ҷониби мудири бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шубаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Самандар Қурбонов муаррифӣкарда шуд ва донишҷӯёни омӯзандаи забони чинӣ дар факултет бо шартҳо ва талаботҳои иштирок дар ин баронома шунос шуданд. Феълан раванди бақайдгирӣ ба ин барнома давом дошта, ҳоло 30 нафар донишҷӯе, ки номнавис шудаанд, аз он 17 нафарашон бомуваффақият аз бақайдгирӣ гузаштанд. Бақайдгирӣ то 10- уми майи соли ҷорӣ давом ёфта, натиҷаҳои бақайдгирӣ аз ҷониби донишгоҳи Лиаодонг тасдиқ мешавад ва ба донишҷӯён даъватномаҳо оиди ба даст овардани бурсия равон карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барномаи бурсиявӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Чин сарпарастӣ ёфта, ба донишгоҳҳои Чин пешниҳод шудааст ва Донишгоҳи Лиаодонг ҳамчун донишгоҳи ҳамкор ба ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров пешниҳод кардааст. Бурсия ҳамаи хароҷотҳои донишҷӯёнро аз қабили маблағи таҳсил, ҷои зист дар бар гирифта, ба замми ин боз ҳармоҳа 2500 юан стипендия дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ