​Бозингарони беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои рамзӣ сарфароз шуданд

Дар доираи ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” як қатор омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ низ, ки маҳорати баланд нишон доданд, қадр шуданд. Аз ҷумла, Сангинов Мирзосодиқ, омӯзгори факултети геоэкология ва турзим барои иштироки фаъолона ва нишон додани маҳорати баланд дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни устодону кормандон ҳамчун БОЗИНГАРИ БЕҲТАРИН бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардид.

Инчунин, аз рӯи намуди футбол байни устодону кормандон Собитов Равшан, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва Ёқубова Рухшона, муаллимаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни бонувон бозингари беҳтарин дониста шуданд.

Ҳамзамон, аз рӯи намуди футбол байни донишҷӯён Тоҷиев Муҳаммадшаҳруллохон, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи рус ва аз рӯи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон Ҷумаева Озода, донишҷӯи курси сеюми факултетитаҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҳамчун бозингарони беҳтарин қадр шуданд.

Ба бозингарони беҳтарин ҷиҳати нишон додани маҳорати баланд ва малакаи волои варзишӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом диплом, медал ва туҳфаҳои рамзӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ