​Бори каҷ ба манзил намерасад

Санаи 1 сентябри соли 2021 роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯи “Терроризм чист ва терроризм кист?” баромад намуда, доир ба мавзӯи мазкур андешаҳои хому бофтаҳои хандаовари худро изҳор кард. Аз коментария – шарҳҳои аксар корбарони интернет маълум гардид, ки ин суханронии Кабирӣ натанҳо мавриди тамасхур гардид, балки обрӯи пасту симои манфури ин роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистиро бори дигар пасттару бадтар кард.

Муҳиддин Кабирӣ ин навбат доир ба мафҳуми терроризм ибрози назар кард, ки ҳам хандаовар асту ҳам “ғамовар”. Хандаовар аз он сабаб, ки ӯ дар бораи ин мавзуъ чизе нав барои тамошобин нагуфт. Ҳар як ҳарфи ӯ такрор буду обшуста. Маънои луғавии мафҳуми терроризмро, ки дар сегментҳои интернет миллионҳо маротиба шарҳ додаанд, мисле ки навишта аз ёд карда, мисли тӯтӣ онҳоро барои тамошобин гуфта дод. “Ғамовар” аз он ҷиҳат, ки вақте як террорист дар бораи ин мавзуъ сухан намуда, кӣ будани террористро барои тамошобин шарҳ медиҳад, мавриди тамасхури бинандагони ҳушманд қарор хоҳад гирифт. Зеро ин амал маънои онро хоҳад дошт, ки Кабирӣ кӣ будани худро ҳамчун террорист барои ҷомеа аз забони худ муаррифӣ мекунад.

Маълум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, ки худ як ғуломи хоҷагони хориҷиаш мебошад, бо баромадҳо ва суханҳои бардурӯғаш мехоҳад ҷавонони моро ҳам мисли худ манқурт созад.

Ин хоини миллат дар барномаи иғвоангезнаи худ чунон суханронӣ менамояд, ки гӯё ваҳдати аслӣ дар Тоҷикистон айни замон вуҷуд надошта бошад.

Бо пахши чунин барномаҳо ин хоинони миллат танҳо мехоҳанд моро боз ба гурӯҳҳо тақсим намоянду бо воситаи ҷавонони зудбовар соҳиби мансаб ва даромадҳои калони пулӣ гарданд. Ба онҳо дигар ягон чиз қимату арзиш надорад.

Пас ба суханҳои ин хоинон ва бадхоҳони миллат бовар намудан нишонаи беақлӣ буда, доштани дараҷаи пасти саводнокии динӣ ва дунявиро ифода менамояд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба барномаҳои бемаънии пур аз дурӯғи ин гуна хоинон бовар накунем ва фирефтаи онҳо нагардем.

Баромаду суханрониҳои Кабирӣ на арзиши диданро дораду на шуниданро. Зеро дар он на маъно ҳасту на мазмун ва на ҳарфе орӣ аз дурӯғ.

Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ