Бори қаҷ ба манзил нахоҳад расид
Солҳои охир аз тарафи яке аз хоинонимиллат Муҳаммадиқболи Садриддин дар бораи давлату ҳукумат барномаҳои видеои дар шабакаҳои иҷтимои пахш мекунад. Ҳадафи ин хоинои миллат паст задани миллати тоҷик мебошад. чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст чанде пеш Муҳаммадиқболи Садриддин аз тариқи канали YouTube баромад намуда давлату ҳукуматро паст зад. Аз баромадҳои беақлонаи ӯ маълум аст ки суханҳои ӯ хеҷ маъние надорад ва ба ҷое намерасад. Ӯ тавре сухан намуд ки набояд мо миллати тоҷик хомӯш бошем. Тавре мо медонем давлати Тоҷикистон дар давоми 31 соли охир хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то имрӯз барои мубориза бо экстризм ва терроризм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Барои ин нокасон аз сомонаи иҷтимои паст задани давлату миллат арзише надорад. Онҳо кушиш мекунанд ки бо суханҳои дурӯғу бӯҳтон давлату миллатро сиёҳ кунад. Ин хоинони мазҳабфурушон бояд донанд ки қариб аксарати миллати тоҷик аз нияти нопоки онҳо бо хабар буда ба сафсатаҳои онҳо бовар намекунанд. Бояд мо ин рафтори терористии хоинони миллатро маҳкум намеда бар зидди ингуна афроди тунрав муборизаи беамон барем чунки ин хоинони миллат ватани худро барои пулу мол фурухтаанд.
Сулҳу ошти якдигарфаҳми ва толиби осоишта будани миллати тоҷикро таҷассумгар аст. Чун Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар замини замон аст.
Ҳоло мо ҳар як сокини миллат ба шукргузори аз ин ватан кунем ва шукр аз он кунем ки мо халқи тоҷик сарваре дорем ки барои миллати худ чи қадар хизматҳои шоиста намуда истодаанд. бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ин ба сари миллати тоҷик овардани сулҳу субот мебошад ва хизматҳои ин абармарди миллат дар назди давлату миллат хеле бузург аст ва мо халқи тоҷик ҳамеша шукргузор бошем ва ба қадри амнияту осоиштаги бирасем ва нагузорем ки кадом як нохалафе бо суханҳои таҳқиромези худ халқи тоҷикро ноором карда бошад. Чун дар урфиат гуфтаанд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”.
Сармуалимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷаборова Роҳат Абдувоҳидовна