Боғи бахил беҳосил!?

Фардони соҳибтафаккуру солимақл аз ҳангосу арроси тӯдаи наҳзатиёни ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай пай бурдаанд, ки дар гуфтору рафтор ва кирдори ин хоинон “зери коса нимкосае” ниҳон аст. Ин ватанфурӯшони ватангадо аз амалҳои худ сахт пушаймону афсӯс, ки ихтиёри мустақилона надоранд. Хоҷагони хориҷӣ, ки солҳои тӯлонӣ боз онҳоро маблағгузорӣ ва муттаҳам кардаанд, намегузоранд, ки чоплусони хизматрасонашон аз ғуломӣ озод шаванд.

Аслан, метавон пай бурд, ки ҳамаи даъвоҳову эродҳои наҳзатиён аз Кабирӣ то Салимпуру Шавкат Муҳаммад аз ҳиссиёти бахиливу ҳасуд маншаъ мегирад. Ин нафарони бетақдир гумроҳу ватангадо гаштаанду ба мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, дастовардҳои бемисли даврони Истиқлолияти давлатӣ, толеъи баланду заҳмати созандагию бунёдкорӣ, мақому манзалати волои кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва неъматҳои насиби мардуми мо ҳавас мекунанду ҳасуд танашонро пӯшидаву нотавон кардааст. Зеро, аз насибаҳои ин дунё наҳзатиёнро танҳо хиёнату фатанфурӯшӣ, палидию разилӣ ва хислатҳои дигари пасттарини инсонӣ расидааст ва ҳатман ҳисси интиқом аз нектолеъён фаро гирифтааст.

Дар мулки бегона, ҳаёти ғарибона, зиндагонии ғуломона ва ихтиёр дар дасти хоҷагони аҷнабӣ ва амсоли ин нишонаҳои бадбахтӣ мутаалиқ ба наҳзатиён асту онон барои фурӯнишонии амали худ ҳамеша бо ҳангомасозию ҳангосзанӣ машғул мешаванд. Хӯрдагирӣ, бӯҳтонбофӣ ва тӯҳмати рӯирост ба ҳар як амали роҳбарияти олии кишвар шаҳодати нотавонбинӣ ва ҳасудхурии наҳзатиёни палиди риёкор мебошад. Эҳтимол меравад, ки аз зӯрии алам дуд мекунанду даво намеёбанд ва ноилоҷона ба ҳарзагӯӣ машғул мешаванду дудсӯзии худро пинҳону рӯпӯш менамоянд. Зеро, кӯрдуди онҳо фазои олудаи Аврупоро шабеҳ асту танҳо ба худи онҳо зараре меоварад ва мардуми кишвар бо итминону иродаи қавӣ, иқболу толеъи баланд ҳамеша хурраму хурсанд сиёсати роҳбарияти кишвари соҳибистиқлоламонро ҳамаҷониба мақбул медонанду дастгирӣ менамоянд.

Мардуми Тоҷикистон бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ соҳиби дастовардҳои беназир гаштаанд. Боварии комил доранд, ки ояндаи дурахшон ононро интизор асту месазад, ки сиёҳдилони беватан ҳасуд хӯранду алам кашанд. Бар зидди бахилиҳову разилиҳои наҳзатиёни палидаслиҳаи боэътимод - сиёсати оқилонаю одилона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки чун ҷавшан мардумро аз ҳамаи балоҳои наҳзатӣ ҳимоя мекунад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ