​Бобоҷон Ғафуров – шахси беназир

Дар факултети филологияи ӯзбек бо чунин ном чорабинӣ доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии мазкур дотсенти кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он номзади фанҳои филологӣ, дотсент Мавлонбердӣ Суюнов дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров – шахси беназир” маърӯза карда, ба иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров маълумоти муфид ироа намуд.

Ҳамзамон, устодони дигар низ баромад намуда, аз нақшу хидматҳои академик Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки барои омӯзиши осори Бобоҷон Ғафуров, хусусан, китоби арзишманди “Тоҷикон” кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ